Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Дар Чин як мақоми давлатӣ бо насаби “Ма” бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як ниҳоди хориҷӣ ба қатл маҳкум шудааст.
Ба гузориши расонаҳои чинӣ, ин мақом, ки дар яке аз вазоратхонаҳо кор мекард, беш аз 100 гузориши дорои маълумоти махфиро ба як ниҳоди хориҷӣ дода, дар иваз беш аз як миллион юан гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки Ма бо як афсари ҷосусии хориҷӣ бо номи “Кайлин” мулоқот кардааст. Ба иттилои расонаҳо, Кайлин дар ҷараёни суҳбатҳо ӯро ба баррасии масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ равона карда, ҳамчунин, ба феҳристи дохилии рақамҳои телефон даст ёфтааст.
Расонаҳои Чин номи вазоратхона ва кишвареро, ки Ма ба нафъи он ҷосусӣ мекард, нашр накардаанд.
Додгоҳ ба ғайр аз ҳукми қатл, Маро барои тамоми умр аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум ва амволи ӯро мусодира кардааст.
То ҳол маълум нест, ки ҳукми қатл иҷро шудааст ё на.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки тайи моҳҳои ахир танишҳо миёни Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар сари иддаоҳои ҷосусӣ идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад