Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Ҳунарманди тоҷик дар фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» соҳиби ҷойи аввал шуд
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабиниҳо бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони Вазорати фарҳанг, дигар ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону донишмандон ва ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин росто, мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм Дениз Пирес де Карвалиё дар назар аст.
"Ҳадафи асосии ин ташаббус муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, арҷгузорӣ ба саҳми таърихии онҳо дар рушди илму тамаддуни башарӣ, таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад", - зикр мегардад дар иттилоияи вазорат.
Ба навиштаи манбаъ, дар доираи барномаи мазкур чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд: 23 ноябр - Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ», инчунин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём. 24 ноябр - Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир», инчунин, зиёфати расмӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябр - барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо мақсади муаррифии мероси ғании мусиқӣ ва анъанаҳои ҳунарии халқи тоҷик ва 27 ноябр - консерти ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Париж.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад