24 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:23, Душанбе
24.11.2026 13:08

Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладон дар мавсими имсолаи ҳаҷ озмун эълон кард.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи дин навиштааст, шахсоне дар озмун иштирок карда метавонанд, ки аз маносики ҳаҷ огоҳии комил дошта бошанд, малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бо зоиринро балад бошанд ва забони арабӣ ё англисиро дар сатҳи муошират бидонанд.

Таъкид мегардад, ки дар озмун нафарони синнашон то 60-сола иштирок карда метавонанд. Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки камтар аз 3 маротиба ба ҳайси роҳбалад ва ба ҳаҷ сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, ки довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 10-уми декабри соли равон ба Кумита дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.11.2026 13:07

Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори «Зал де Актс»-и қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими кушодашавии намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.
24.11.2026 09:28

Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард

Дар соли 2026 шумораи низомиёни исроилӣ, ки даст ба худкушӣ задаанд, ба баландтарин сатҳ дар 16 соли охир расидааст. Ба гуфтаи манобеи исроилӣ, афзоиши ин ҳолатҳо пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 идома дорад.
24.11.2026 09:22

Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст

Мақомоти баландпояи Либия ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозиро амали душманона ва баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъзе ҷонибҳо мехоҳанд Либияро ба низоъҳои Украина ва Судон ҷалб кунанд.
24.11.2026 09:06

Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд

23-юми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
23.11.2026 18:48

Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад

Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 15:25

Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад

Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 14:13

Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.
23.11.2026 12:14

Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.