Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
23-юми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, бо мақсади коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф намудани маҳдудиятҳои маъмурӣ қарор қабул гардид, ки пардохти 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо бекор карда шаванд.
Дар ин росто, ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи механизми навро омода намуда, тартиби гирифтани иҷозатномаро тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ аз 1-уми январи соли 2027 мавриди амал қарор диҳанд. То ин муҳлат корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ронандагон, аз ҷумла шахсони худшуғл, оид ба тартиби нави муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома ба роҳ монда шаванд.
"Ҳамчунин, пешбинӣ гардид, ки тартиби содашудаи мазкур ба шаҳрвандоне низ татбиқ мешавад, ки фаъолияти мусофиркашониро тавассути воситаҳои нақлиёт ба таври худшуғл анҷом медиҳанд. Ҳамин тариқ, шахсони худшуғл метавонанд бо тартиби ягонаи электронӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи пардохти ҳатмии ҳаррӯзаи кирокашҳо дар Душанбе дар саргаҳи хабарҳо буд ва ронандагони таксӣ шикоят мекарданд, ки новобаста аз кор кардан ё накардан, маҷбуранд ба ширкат ҳар рӯз 100 сомонӣ диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр