Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард
Дар соли 2026 шумораи низомиёни исроилӣ, ки даст ба худкушӣ задаанд, ба баландтарин сатҳ дар 16 соли охир расидааст. Ба гуфтаи манобеи исроилӣ, афзоиши ин ҳолатҳо пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 идома дорад.
Бино ба гузориши “Ал-Ҷазира”, ки субҳи сешанбе, 24-уми ноябр, нашр шудааст, аз оғози соли ҷорӣ то кунун 23 сарбозу афсари дар хидмат қарордоштаи артиши Исроил худкушӣ кардаанд.
Ин шумора баландтарин омори солонаи худкушӣ дар артиши Исроил дар 16 соли охир ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, тибқи ин гузориш, 17 сарбози дигар, ки дар ҷараёни ҷанги Исроил алайҳи Ғазза дар ҳайати неруҳои доимӣ ё эҳтиётӣ хизмат мекарданд, имсол пас аз анҷоми давраи хидмати фаъол ба худкушӣ даст задаанд.
Илова бар ин, дар соли 2026 панҷ афсари полиси Исроил низ худкушӣ кардаанд.
Ин омор аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ дар миёни низомиён ва кормандони сохторҳои амниятии Исроил пас аз оғози ҷанг бо ҲАМОС дар моҳи октябри соли 2023 дарак медиҳад.
Барои муқоиса, дар даҳ соли пеш аз оғози ин ҷанг артиши Исроил ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 12 ҳолати худкуширо сабт мекард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад