Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
23.11.2026 14:15
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Имрӯз, 23-юми ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 бозии дуюми худро баргузор мекунад.
Дар даври дуюм рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тими наврасони Хорватия буда, бозии мазкур дар майдони №9-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ҳоло мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби се имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро соҳиб аст. Мунтахабҳои Хорватия ва Сенегал, ки дар даври якум мусовӣ карданд, як имтиёзӣ доранд ва ҷойи дуюму сеюмро бо ҳам тақсим кардаанд. Мунтахаби наврасони Куба, ки аз футболбозони тоҷик шикаст хурд, дар ҷойи чорум қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
23.11.2026 18:48
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 18:40
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Дар Чин як мақоми давлатӣ бо насаби “Ма” бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як ниҳоди хориҷӣ ба қатл маҳкум шудааст.
23.11.2026 18:26
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Имрӯз, 23-юми ноябр ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод.
23.11.2026 15:25
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 12:14
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.
23.11.2026 09:25
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар ҳошияи нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.
23.11.2026 08:13
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, ҳушдор додааст, ки дар сурати ба мувофиқа нарасидан бо Эрон, эҳтимол дорад пас аз 1-уми январ ҳамлаҳои низомии нав алайҳи ин кишвар анҷом дода шаванд.
23.11.2026 08:08
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Рангин Додфар Сепанто, мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукумати пешини Афғонистон, аз сиёсати Олмон дар баробари Толибон интиқод карда, онро намунае аз меъёрҳои дугона ва риёкории сиёсӣ хондааст.
21.11.2026 14:33
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:16
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Вазорати корҳои хориҷии Покистон аз идомаи талошҳои ин кишвар барои миёнаравӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон хабар дода, таъкид кардааст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.
21.11.2026 14:10
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:56
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки шаби гузашта 275 паҳподи украиниро дар минтақаҳои гуногуни Русия шиносоӣ ва нобуд кардаанд.