Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.
Ба навиштаи манбаъ аз рӯйи тақсимоти минтақавӣ шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон 3 миллиону 938,5 ҳазор нафар, вилояти Суғд 3 миллиону 47,6 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 336,9 ҳазор нафар, шаҳри Душанбе 1 миллиону 307 ҳазор нафар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин росто, иттилоъ дода мешавад, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 26,2 ҳазор ҳолати фавт сабт гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад