Ҳунарманди тоҷик дар фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» соҳиби ҷойи аввал шуд
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар ҳошияи нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории осорхонаҳо ва китобхонаҳо, табодули таҷриба, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи фарҳанг, инчунин, тарҷума ва бозгардонии китобҳои нодир ва дастхатҳоро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо барои муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонии халқи тоҷик ва таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ аҳамияти муҳим дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст