Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе
Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд
Имрӯз, 13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ба навиштаи манбаъ, дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.
Афзуда мешавад, ки Беморхонаи байналмилалии Душанбе дар баробари хизматрасониҳои муосири тиббӣ, барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон ҳамчун маркази илмӣ ва таълимӣ рушд намуда, фароҳам овардани замина барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тиббӣ ба интиқоли таҷрибаи байналмилалӣ, рушди кадрҳои ватанӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад