Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе
Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанберо ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот аз тиллою нуқра самти асосии фаъолияти корхона аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологии корхона истеҳсоли то 35 ҳазор маҳсулоти заргариро ташкил медиҳад. Дар он ғайр аз ҷавоҳирот, армуғон ва зарфҳои гуногун низ истеҳсол мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар коргоҳ 60 ҷойи корӣ муҳайё гардида, аллакай 27 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.
Зикр мегардад, ки дастгоҳҳои муосири рехтагарӣ, буриш, васл, тарроҳӣ, сохтани қолабу пардоздиҳӣ ва тамғагузорӣ имкон медиҳад, ки тиллою нуқра мутобиқ ба талаботи бозор коркард ва аз он ҷавоҳирот истеҳсол намоянд.
Зикр мегардад, ки ин сеюмин корхонаи коркарди тиллою нуқра ва истеҳсоли ҷавоҳирот дар шаҳри Душанбе аст ва соли 2027 чорумин корхона дар ҳамин шаҳраки Заргарон ифтитоҳ меёбад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад