Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе
Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова мулоқот намуд
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Дар Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, дар мизи мудаввар масъалаҳоитаҳияи барномаҳои таълимӣ ва маводи таълимиюметодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Аз ҷумла, Ш. Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба барномаитаълимии фанни «Асосҳои зеҳни сунъӣ» бароисинфҳои 10-11 маълумот дод. Барномаи мазкур 136 соати таълимиро дар бар гирифта, омӯзишиасосҳои назариявӣ ва амалии зеҳни сунъӣ, кор бододаҳо, алгоритмҳо, омӯзиши мошинӣ, моделҳоизабонӣ, технологияҳои тавлидӣ, амнияти рақамӣ ваҷанбаҳои ахлоқии истифодаи технологияҳоро фаромегирад”, - афзудааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар нишаст масъалаҳоитаҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ бароиомӯзгорон, супоришҳои амалӣ, воситаҳои арзёбиинатиҷаҳои таълим ва ворид намудани марҳилавиимавзуъҳои зеҳни сунъӣ ба барномаи фаннитехнологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣбаррасӣ шуданд.
Зикр мегардад, ки бахши алоҳидаи чорабинӣ ба омодасозии омӯзгорон ва фароҳам оварданишароити зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ бахшидашуд. Инчунин, зарурати такмили омодагии методии омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо захираҳои зарурӣ, таҳияи маводи босифати таълимӣ ва дастгирии пайвастаи касбии омӯзгорон таъкид гардид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ