13 Ноябр 2026,
ҷумъа, 11:36, Душанбе
13.11.2026 10:42

Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ ​​аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад

Дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия муовини Сарвази мамлакат Сулаймон Зиёзода дар чорабинии сатҳи баланди кишварҳои аъзои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист навиштааст, дар суханронӣ таваҷҷуҳи хосса ба афзалияти миллии Тоҷикистон дар рушди энергияибарқароршаванда, саноати сабз, инфрасохториустувор ва васеъ кардани дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ зоҳир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон мунтазам чораҳоробарои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба иқтисоди камкарбон амалӣ мекунад. “Стратегияирушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” васаҳми муайяншудаи он дар сатҳи миллӣ (NDC) асоси ин талошҳоро ташкил медиҳад.

“Нақши пешбари Тоҷикистон дар рушди энергияибарқароршаванда, махсусан таъкид карда шуд. Айни замон, тақрибан 98 фоизи нерӯи барқикишвар аз ҷониби нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсолмешавад. Тибқи нақшаҳои миллӣ, интизор меравад, ки истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳоибарқароршаванда то соли 2035 ду баробар афзоишёбад ва истеҳсоли иловагии солонаи 20 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи тоза таъмин карда шавад”, - зикр мегардад дар иттилоия.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

13.11.2026 11:26

Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
13.11.2026 11:12

Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?

Дар Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
13.11.2026 10:42

Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ ​​аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад

Дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия муовини Сарвази мамлакат Сулаймон Зиёзода дар чорабинии сатҳи баланди кишварҳои аъзои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуд.
13.11.2026 09:24

Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт

Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муовини худ Ҷей Ди Вэнс хост, ба ҷои музокира бо Эрон бо ҷинояткорӣ ва фасод дар иёлатҳои таҳти идораи демократҳо машғул шавад.
12.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард

Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.
12.11.2026 15:20

Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод

Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
12.11.2026 15:11

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.