29 Октябр 2026,
панҷшанбе, 12:19, Душанбе
29.10.2026 08:37

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи неруҳои худ ба як посгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Кунар хабар додааст.

Ин ҷабҳа шаби чоршанбе, 28-уми октябр бо нашри баёнияе дар шабакаи “Х” навиштааст, ки ин ҳамла шоми рӯзи сешанбе дар шаҳри Асадобод анҷом шудааст.

Бар асоси баёния, неруҳои Ҷабҳаи озодӣ ба як посгоҳи гурӯҳи Толибон дар маркази Навобод, воқеъ дар шаҳри Асадобод, маркази вилояти Кунар, ҳамла кардаанд.

Ба гуфтаи Ҷабҳаи озодӣ, дар ин ҳамла дастикам як ҷангҷӯи Толибон кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҷабҳаи озодӣ дар бораи ин ҳамла ба Толибон ҷузъиёти бештаре ироа накардааст.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди иддаои Толибон дар бораи мавҷуд набудани муқовимат алайҳи ин гурӯҳ дар Афғонистон, ҷабҳаҳои мухталиф дар моҳҳои охир ҳамлаҳои худро дар нуқоти гуногуни ин кишвар афзоиш додаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
29.10.2026 08:23

Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт

Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
28.10.2026 16:24

Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
28.10.2026 14:47

Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм, Илҳомуддин Иброҳимзода, намояндагони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва мушовири миллӣ Бибиҷон Умарова баргузор гашт.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.