29 Октябр 2026,
панҷшанбе, 12:18, Душанбе
29.10.2026 08:27

Обама гуфт, ҷанг бо Эрон Амрикоро “осебпазир” кардааст

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико, гуфтааст, ки коҳиш ёфтани захираҳои мушакии Амрико дар ҷанг бо Эрон, ин кишварро осебпазиртар кардааст.

“Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи панҷшанбе, 29-уми  октябр, гузориш додааст, ки Обама ин мавзуъро дар ҷараёни як ҳамоиши интихоботӣ дар иёлати Ҷорҷия баён кардааст.

Бар асоси гузориш, Обама далелҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро барои оғози ҷанг алайҳи Эрон зери суол бурда ва гуфтааст, ки Теҳрон ҳеч гуна силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёр надошт.

Ӯ, ҳамчунин, аз хароҷот ва паёмадҳои ин ҷанг интиқод карда ва гуфтааст: “Ба муттаҳидон ва пойгоҳҳои мо ҳамла шудааст. Амрикоиҳо кушта шудаанд ва садҳо нафари онҳо захмӣ шудаанд. Мо захираҳои мушакии худро коҳиш додаем, ки ин моро осебпазиртар кардааст ва акнун Эрон дар масъалаи тангаи Ҳурмуз ҳаққи вето дорад”.

Бо ин ҳама, Барак Обама қаблан низ бо интиқод аз ҷанги Амрико бо Эрон, аз созиш дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, маъруф ба “БАРҶОМ”, ки соли 2015 дар замони раёсати ҷумҳуриаш имзо шуда буд, ҳимоят кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
29.10.2026 08:23

Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт

Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
28.10.2026 16:24

Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
28.10.2026 14:47

Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм, Илҳомуддин Иброҳимзода, намояндагони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва мушовири миллӣ Бибиҷон Умарова баргузор гашт.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.