30 Октябр 2026,
ҷумъа, 08:52, Душанбе
30.10.2026 07:54

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.         

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар маҷлис нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои  нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд.

“Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад”, - навиштааст манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли оянда 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028-ум 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029-ум 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Дар ин росто, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.10.2026 07:54

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.