27 Октябр 2026,
сешанбе, 12:57, Душанбе
27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, дар идома, Сарвари давлат ва шаҳрдори пойтахт дар ноҳияи Шоҳмансур корхонаҳои масолеҳи сохтмонии газоблок ва ширеш барои газоблокро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Роҳбари давлат ва Рустами Эмомалӣ имрӯз маҷмааи корхонаи истеҳсоли рулети қаннодӣ, шарбати мева, сабзавотҳои дар сиркон хобонидашуда ва нӯшокиҳои ташнашикани газнокро ба истифода доданд.

Dialog.tj

 

 

 

 

Хатти хабарҳо

27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.
27.10.2026 09:57

Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад

Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.
27.10.2026 09:46

Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ӯ ҳамчунин, дар бораи оғози ҷанг бо Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрии ин кишвар изҳори назар кард.
27.10.2026 09:28

Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд

Борис Гризлов, сафири Русия дар Беларус гуфт, ки силоҳҳои ҳастаии Русия дар қаламрави Беларус мустақар буда, низомҳои мушакии “Орешник” дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна иқдоми низомии таҷовузкорона алайҳи ду кишвар бо посухи шадид ва қатъӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
27.10.2026 09:18

Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шуда, танҳо “террористҳо” ва пойгоҳҳои пуштибонии онҳоро ҳадаф қарор додааст.
26.10.2026 16:44

Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:58

Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд

Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.