27 Октябр 2026,
сешанбе, 18:07, Душанбе
27.10.2026 15:26

Чин барои коҳиши танишҳо намояндаи вижаашро ба Ховари Миёна мефиристад

Чин аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронии амиқ карда, эълон намуд, ки дар ояндаи наздик намояндаи вижаи худро ба кишварҳои минтақа мефиристад.

Ба гузориши расонаҳои Чин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар имрӯз гуфтааст, ки Пекин аз вазъи минтақаҳо, аз ҷумла Ховари Миёна нигаронии амиқ дорад ва дар ояндаи наздик фиристодаи вижаи худро ба кишварҳои дахлдор мефиристад.

Гу Сзякун, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, ҳадафи ин иқдомро тақвияти гуфтугӯ миёни тарафҳои дахлдор ва пешгирӣ аз шиддат гирифтани танишҳо арзёбӣ кардааст.

Ба таҳлили хабаргузории “Ройтерз”, ин иқдом аз нигаронии амиқи Пекин аз вазъи минтақа ва афзоиши нақши дипломатии Чин дар Ховари Миёна шаҳодат медиҳад.

Чин борҳо ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эронро маҳкум карда, дар бораи паёмадҳои он ҳушдор додааст. Пекин ҳамчунин, мухолифати худро ба таҳримҳои якҷонибаи ИМА алайҳи Эрон изҳор кардааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

27.10.2026 17:27

Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»

27-уми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
27.10.2026 16:14

Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Имрӯз, 27-уми октябр дар шаҳри Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар, раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.
27.10.2026 09:57

Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад

Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.
27.10.2026 09:46

Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ӯ ҳамчунин, дар бораи оғози ҷанг бо Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрии ин кишвар изҳори назар кард.
27.10.2026 09:28

Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд

Борис Гризлов, сафири Русия дар Беларус гуфт, ки силоҳҳои ҳастаии Русия дар қаламрави Беларус мустақар буда, низомҳои мушакии “Орешник” дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна иқдоми низомии таҷовузкорона алайҳи ду кишвар бо посухи шадид ва қатъӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
27.10.2026 09:18

Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шуда, танҳо “террористҳо” ва пойгоҳҳои пуштибонии онҳоро ҳадаф қарор додааст.