Олмон неруҳои вижаи худро барои ҷанг бо Русия омода мекунад
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд
Олмон неруҳои вижаи худро барои ҷанг бо Русия омода мекунад
Фармондеҳи воҳиди Неруҳои вижаи артиши Олмон эълон кардааст, ки барномаи омӯзишӣ ва тактикаи ин неруҳо барои ҷанги эҳтимолӣ бо Русия пурра бознигарӣ шудааст.
Ба гузориши расонаҳо, Андреас Кюне, фармондеҳи воҳиди неруҳои вижаи артиши Олмон (KSK), гуфтааст, ки ин неруҳо барои рӯёрӯии эҳтимолии низомӣ бо Русия омода мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан амалиёти вижа барои тақрибан се рӯз тарҳрезӣ мешуд, аммо ҳоло сарбозон барои ҳузури тӯлонӣ дар шароити саҳроӣ омодагӣ мегиранд.
Кюне гуфтааст: “Мо ба таври комилан мушаххас худро барои рӯёрӯӣ бо душмане дар сатҳи Русия омода мекунем”.
Ин воҳиди баргузида дар казармаи “Сеппелин”, воқеъ дар наздикии шаҳри Штутгарт, мустақар буда, тақрибан 1 500 нафар ҳайати шахсӣ дорад. Неруҳои амалиёти вижа танҳо сеяки ҳайати ин воҳидро ташкил медиҳанд.
Бино ба гузоришҳо, раванди интихоби довталабон барои пайвастан ба ин воҳид бисёр сахтгирона аст ва танҳо тақрибан 15 дарсади онҳо аз марҳилаи интихоб бомуваффақият мегузаранд.
Ҳушдорҳои мақомоти Олмон дар бораи Русия
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, дар бораи таҳдидҳои ҷиддӣ ба ин кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои ифротии дохилӣ ва душманони хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ҳушдор додааст.
Йоҳанн Вадефул, вазири корҳои хориҷии Олмон, низ иддао кардааст, ки Владимир Путин, президенти Русия, дар пайи эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала барои чанд кишвар хатар эҷод мекунад ва онҳо бояд ба ҳамлаи эҳтимолии Русия омода бошанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ахиран гуфтааст, ки Маскав аз таҳияи нақшаи ҷангии НАТО алайҳи Русия огоҳ аст ва “чашмонашро боз нигоҳ медорад”.
Лавров қаблан низ дар посух ба иттиҳомоти Ғарб, ки Маскав онҳоро талош барои барангехтани русҳаросӣ медонад, гуфта буд, ки Русия қасди ҳамла ба Аврупоро надорад.
Ӯ таъкид кардааст: “Мо борҳо гуфтаем, ки қасди ҳамла ба Аврупоро надорем. Аммо агар Аврупо, ки ҳар рӯз дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Русия сухан мегӯяд, ба мо ҳамла кунад, ин ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Вазорати маориф санаи таътили тирамоҳии хонандагонро расман эълон кард
Чин барои коҳиши танишҳо намояндаи вижаашро ба Ховари Миёна мефиристад