Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд
Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст
Сенатори амрикоӣ хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.
Бино ба гузориши “Ройтерз”, сафари Кассис рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад. Маросими расмии бозкушоии дафтари намояндагии Швейтсария дар Пхенян рӯзи 30-юми октябр баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Швейтсария бо мақомоти Кореяи Шимолӣ масъалаи аз сар гирифтани машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, вазъи амниятӣ дар нимҷазираи Корея ва масъалаҳои геополитикӣ баррасӣ шаванд.
Пас аз анҷоми сафар ба Кореяи Шимолӣ, Кассис барои мулоқот бо мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул меравад.
Бо вуҷуди боз шудани намояндагии дипломатӣ дар Пхенян, сафорати Швейтсария дар Пекин ҳамоно масъули равобити дипломатӣ ва консулӣ бо Кореяи Шимолӣ боқӣ мемонад. Дафтари намояндагии Швейтсария дар Пхенян низ гузоришҳои худро ба ҳамин сафорат пешниҳод хоҳад кард.
Ин дафтар фаъолияти ғайрирасмии худро аз 19-уми октябр оғоз кардааст. Бо бозкушоии расмии он, ҳузури доимии дипломатии Швейтсария дар Кореяи Шимолӣ аз нав барқарор мешавад.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Швейтсария дар солҳои охир талошҳои худро барои густариши робитаҳо бо Пхенян фаъолтар кардааст. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо амалан гуфтугӯҳои мустақими худро бо Кореяи Шимолӣ қатъ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд