Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора аз муборизаи Сатторхон, як чеҳраи маъруфи ҳаракати машрутахоҳии Эрон гуфт, ки озодӣ, қонун ва сарбаландии миллат арзишҳое мебошанд, ки барои онҳо мубориза бурдан зарур мебошад.
Масъуд Пизишкиён дар даврае, ки Исроил ва Амрико фишорҳоро бар Эрон зиёд намудаанд ва тибқи бархе иттилооти расонаҳо дар пайи ҳамлаи дубора ба Эрон мебошанд, дар саҳифаи “Х” худ навишт, Эрон аз фарзандонаш ифтихор мекунад, зеро онҳо арзишҳои худро на фақат бо сухан, балки бо истодагӣ ва амал ҳифз намудаанд.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба муборизаи роҳбари машрутахоҳони Эрон Сатторхон навишт, ки “Сатторхон барои арманиҳо ҷангид, зеро медонист, ки Эронро озодӣ, қонун ва сарбаландии миллат мешиносонад”.
Президенти Эрон дар идомаи навиштаи худ, таъкид кард, мардоне, ки барои арзишҳои худ меистанд, бо сухан маҳдуд намешаванд, балки барои онҳо амал мекунанд.
Масъуд Пизишкиён бо такя ба сухани таърихӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”.
Ин сухани таърихӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон нисбат дода мешавад. Бисёре аз тарафдорони ӯ, ин суханро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар миёни таърихнигорони Эрон ин сухан ба давраи машрутахоҳони Эрон ва муборизаи Сатторхон нисбат дода мешавад.
Дар ривоятҳои таърихии Эрон ин ибора ба ривоятҳои вобаста ба муҳосираи Табрез ва муборизаи машрутахоҳон нисбат дода шудааст. Бар асоси як ривояти нашршуда, дар вақти муҳосира кӯдак аз гуруснагӣ хок мехӯрад ва модараш барои тасаллӣ додани ӯ гуфтааст, ки “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”.
Ин ду ривоят то куҷо ба воқият наздик аст, маълум намудан душвор аст, зеро дар расонаҳои интернетӣ ин ривоят ҳам ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳам ба Сатторхон нисбат дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд