Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт
Дар 9 моҳ дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст
Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бо содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар аст.
Манбаъ навиштааст, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон шаҳрванд Азимзода Рустам, сокини 46-солаи шаҳри Душанбе, директори ҶДММ «Рахмон 2016», дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо роҳи фиреб, бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағҳои калони пулии шаҳрвандонро гирифта, онҳоро фиреб дода, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Тибқи навиштаи манбаъ, ҳоло зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ин, нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт