Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид сандуқи хайриявиро дуздидааст
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” шинос шуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар шаҳри Душанбе як далели коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор карда шуд.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шаҳрванд Носиров Мақсудҷон, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе, дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Зафар, як адад яхдони худсохт омода сохта, дар он маҳсулоти гуногуни гӯштиро дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва коркард намуда, ба мизоҷони доимиаш ба фурӯш мебаровардааст.
Манбаъ навиштааст, ки аз номбурда дар маҷмуъ 1 тонна шуши гов, 100 кг равғани гов, 40 кг каллаи гов ва 35 кг пойи гов, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Носиров М. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид