Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон омад
Русия ба озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон таҷҳизоти рақамӣ медиҳад
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
19-уми ноябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова мулоқот намуд.
Бинобар иттилои дастрас, дар вохӯрӣ Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки баргузории муваффақонаи Иҷлосияи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадами бузурге дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ хоҳад буд.
“Мо чунин мешуморем, ки ба табодули таҷриба дар самти такмили қонунгузорӣ, барқарор намудани робитаҳои доимӣ миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин арзёбии самаранокии раванди қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан зарур аст”, - навиштааст маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли Файзалӣ Идизода.
Ҳамчунин, зимни мулоқот Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки ҷонибдор аст Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон боз ҳам густариш дода, робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ инкишоф дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?