Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон омад
Русия ба озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон таҷҳизоти рақамӣ медиҳад
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Имрӯз 20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи судманди афкор анҷом намуданд.
Зикр мегардад, ки дар мулоқоти сарони давлатҳо ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
"Ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасонии электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Дар бахшҳои гуманитарӣ низ сарони ду давлат ба рушди робитаҳо дар самтҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ доир сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе низ гуфта шуд.
Ба навиштаи манбаъ, дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар рӯҳияи созандагӣ таъкид карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд