“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
Трамп ин суханонро дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед дар посух ба суоле дар бораи имкони тавофуқ бо мақомоти Эрон баён кард.
Ӯ гуфт, ки Вашингтон метавонад Эронро ҳадафи ҳамла қарор диҳад ва баъдан ба тавофуқ бирасад. Трамп иддао кард, ки ба гуфтаи ӯ, ҷанг “ба ҳар роҳе” дар ниҳоят ба поён мерасад.
Раиси ҷумҳури ИМА ҳамчунин, иддао кард, ки Вашингтон бар тангаи Ҳурмуз назорат дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ду рӯзи гузашта ҳаҷми интиқоли нафт аз ин танга бештар аз ҳар замони дигар будааст.
Трамп иддао кардааст, ки агар дар тангаи Ҳурмуз бомб гузошта шавад, ширкатҳои киштиронӣ метавонанд аз интиқоли киштиҳои гаронарзиши худ тавассути ин масир худдорӣ кунанд.
Дар бахши дигар, Трамп ба иддаои Энди Бернэм, нахуствазири Бритониё, дар бораи эҳтимоли даст доштани Эрон дар ҳодисаи пойгоҳи неруҳои ҳавоии Бритониё вокуниш нишон дод. Ӯ гуфт, ки ИМА ин қазияро “ҷиддӣ” таҳқиқ мекунад.
Трамп ҳамчунин, вазъи иқтисодӣ ва низомии Эронро ҳадафи интиқод қарор дода, иддао кард, ки иқтисоди ин кишвар ва пули миллии он осеб дидаанд ва тавоноии неруҳои низомии Эрон коҳиш ёфтааст.
Ӯ дар идомаи суханонаш ба талафоти неруҳои амрикоӣ дар ҷанги Ироқ ишора карда, гуфт, ки дар он ҷанг тақрибан 4 ҳазору 500 низомии амрикоӣ кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт