14 Ноябр 2026,
шанбе, 17:15, Душанбе
30.09.2026 14:02

Русия содироти беш аз 1 миллион рубли нақд ба Тоҷикистонро маҳдуд кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қароре имзо кард, ки бар асоси он содироти беш аз як миллион рубли нақд аз Русия ба Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар манъ карда мешавад.

Бар асоси ин фармони нави ҳукумати Русия шаҳрвандони воқеӣ наметавонанд ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) ва ҳамчунин, ба Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон беш аз як миллион рубли нақд содир кунанд.

Барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошад, содироти рубли нақд ба ин кишварҳо новобаста аз маблағ манъ шудааст. Зикр мешавад, ки бо вуҷуди ин, дар фармон баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла шаҳрвандон метавонанд ба воситаи баъзе фурудгоҳҳои байналмилалии Русия маблағи бештар аз як миллион рублро интиқол диҳанд. Агар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла иттилооти бонк дар хусуси гирифтани пул аз суратҳисоб ё пасандоз пешниҳод намоянд.

Барои ширкатҳое, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғул мебошанд, низ истисно пешбинӣ шудааст. Ин ҳолат фақат дар сурате татбиқ мешавад, ки нуқтаи оғозу анҷоми ҳамлу нақл берун аз қаламрави Русия қарор дошта бошад.

Маҳдудиятҳо ҳамчунин, ба маблағҳои нақдие, ки барои фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгириҳо ва дигар муассисаҳои Русия дар хориҷ зарур мебошанд, рабт надорад.

Дар сурати вайрон намудани қоидаҳо, аз шаҳрвандон маблағи аз як миллион рубл зиёд мусодира мешавад. Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошад, ҳамаи маблағи рубли нақд, ки аз Русия бароварда мешавад, гирифта хоҳад шуд.

Ин қоидаҳои нав аз рӯзи 29-уми сентябри соли 2026 аз рӯзи иҷрои фармон мавриди амал қарор гирифтанд.

То ба имзо расидани ин фармон, аз 1-уми апрели соли 2026 шаҳрвандон метавонистанд ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рубли нақдро то муодили 100 ҳазор доллари ИМА ворид кунанд. Ин маҳдудият низ дар баъзе фурудгоҳҳои байналмилалӣ бо пешниҳоди санадҳои зарурӣ истисно дошт.

Ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд. Бо фармони нави Владимир Путин маҳдудияти содироти нақд барои шаҳрвандон ба як миллион рубл поин бурда шуда, он ба Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон низ татбиқ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.