“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Кореяи Шимолӣ ба Сеул ҳушдор дод
Кореяи Шимолӣ субҳи чоршанбе ҳушдор дод, ки Кореяи Ҷанубӣ барои муттаҳам кардани Пхенян дар инфиҷори бомб дар минтақаи марзии ду кишвар “посух хоҳад дод”.
Ба гузориши “Ройтерз”, Ким Ё Ҷон, хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ, дар баёнияе, ки Оҷонси марказии хабарии Корея (KCNA) нашр кардааст, гуфт, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ пас аз муттаҳам кардани Пхенян акнун талош доранд барои исботи иддаои худ “далелҳои моддӣ” сохтаву пешниҳод кунанд.
Ким Ё Ҷон, ки аз шахсони наздик ва бонуфуз дар атрофи бародараш ба шумор меравад, гуфт, омилони аслии ин иқдомҳои таҳриккунанда бояд барои “ин намоиши хандаоваре, ки худ ба роҳ андохтаанд”, омодаи посух бошанд.
Ӯ ҳамчунин, гуфт, неруҳои Кореяи Шимолӣ ҳеч гоҳ аз “хатти низомии марзӣ”, ки аз маркази минтақаи ғайринизомӣ (DMZ) мегузарад, убур накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Кореяи Ҷанубӣ эълом кардааст, ҳангоми иҷрои корҳои таҳкими мавзеъҳои марзӣ далелҳоеро мушоҳида кардааст, ки аз убури сарбозони Кореяи Шимолӣ аз хатти марзӣ шаҳодат медиҳанд.
Сеул гуфтааст, ҳафтаи гузашта дар дохили минтақаи ғайринизомӣ таркиш рух дода, дар натиҷаи он ду узви гурӯҳи бозрасии Кореяи Ҷанубӣ маҷруҳ шудаанд.
Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе гуфт, таркиши ҳафтаи гузашта бар асари минаҳои Кореяи Шимолӣ рух додааст ва Сеул ба ин иқдом посухи “мутаносиб” хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт