“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
Тибқи навиштаи расонаҳои амрикоӣ намояндагони Амрико рӯзи 28-уми сентябр ба воситаи кишварҳои миёнарав бо Эрон музокир кардаанд.
Тафсилоти ин гуфтугӯҳо, аз ҷумла номи миёнаравҳо ва мавзуъҳои баррасишуда дар изҳороти Трамп мушаххас нашудааст.
Як мақоми амрикоӣ низ ба рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” гуфтааст, ки мулоқоти Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Трамп оид ба масоили Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, мушовири президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо эрониҳо ба воситаи кишварҳои миёнарав дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст.
Бар асоси гуфтаи ӯ, боз шудани эҳтимолии тангаи Ҳурмуз яке аз масъалаҳои асосии ин гуфтугӯҳо будааст. Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафт дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳар гуна маҳдудият дар ҳаракати киштиҳо аз ин масир метавонад ба бозорҳои ҷаҳонии нафт ва қисмати сӯзишворӣ таъсир расонад.
Доналд Трамп пешниҳодҳо дар мавриди коҳиши таҳримҳои зидди Эронро рад кардааст.
Расонаҳо қаблан навишта буданд, ки Доналд Трамп эҳтимолан ба Эрон коҳиши таҳримҳо ва озод намудани дороиҳои масдудшудаи ин кишварро пешниҳод кардааст.
Доналд Трамп ин хабарро рад карда, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эрон “ҳеч чиз пешниҳод накардааст”.
Ин хабарҳо дар шароите матраҳ мешаванд, ки мавқеи расмии ду ҷониб дар хусуси ҳадаф ва натиҷаҳои эҳтимолии ин гуфтугӯҳо ҳанӯз мушаххас нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт