“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.
Песков дар нишасти хабарӣ дар Кремл гуфт, Украина бояд барои иқдомҳои моҳҳои ахираш ҷавоб диҳад ва ин раванд ҳоло идома дорад.
Ӯ дар бораи идомаи амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт, артиши Русия пайваста ба ҳадафҳои муайяншуда ҳамла мекунад.
Сухангӯи Кремл ҳамчунин, ба мавқеи Владимир Путин дар бораи роҳҳои ҳалли низоъи Украина ва идомаи музокирот ишора карда, гуфт, изҳороти президенти Русия дар ин масъала “фарогир ва равшан” аст.
Песков ҳамзамон аз эҳёи музокироти Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи назорати аслиҳа ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, ҳар гуна созиш дар ин замина ба омодагии дақиқ ниёз дорад ва набояд интизор дошт, ки натиҷаҳо зуд ба даст меоянд.
Дар посух ба дархостҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҷалби Чин ба музокироти назорати аслиҳа, Песков гуфт, то ҷое ки Русия огоҳ аст, мавқеи Пекин дар ин масъала тағйир наёфтааст.
Ӯ таъкид кард, ки музокироти марбут ба назорати аслиҳа масъалаи печида буда, ба гуфтугӯҳои тӯлонӣ дар сатҳи коршиносӣ ниёз дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт