“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки низомҳои дифои ҳавоии ин кишвар дар як шаб 945 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар минтақаҳои гуногуни Русия раҳгирӣ ва нобуд кардаанд.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи шанбе, 26-уми сентябр, гузориш додааст, ки ин паҳподҳо (дронҳо) дар фазои чанд минтақаи Русия нобуд шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, паҳподҳо дар осмони минтақаҳои Астрахан, Белгород, Брянск, Воронеж, Калуга, Курск, Орёл, Ростов, Рязан, Тула ва Маскав раҳгирӣ шудаанд.
Вазорати дифои Русия дар бораи вақти дақиқи ҳамлаҳо ё хисороти эҳтимолии расида аз ин ҳамлаҳои паҳподӣ ҷузъиёти бештар пешниҳод накардааст.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки даргириҳои низомӣ миёни Русия ва Украина идома доранд ва ду ҷониб дар рӯзҳои ахир ба мавзеъҳои якдигар ҳамлаҳои мутақобили паҳподӣ анҷом додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт