15 Ноябр 2026,
якшанбе, 23:31, Душанбе
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.

Трамп ин пешниҳодро дар дидор бо Зеленский дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк матраҳ кардааст. Зеленский қаблан чандин бор имкони сафар ба Маскав барои мулоқот бо Путинро рад карда буд.

Пеш аз оғози нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк, Зеленский гуфта буд, ки агар Путин дар нишасти Гурӯҳи 20 дар Майамии ИМА ҳузур ёбад, омода аст бо раиси ҷумҳури Русия мулоқот кунад. Дар посух, Кремл гуфта буд, агар Зеленский хостори мулоқот бо Путин бошад, бояд ба Маскав сафар кунад.

Ба гузориши “Блумберг”, Зеленский пешниҳоди ахири Трамп барои мулоқот бо Путин дар Маскавро рад кардааст. Манобеи огоҳ аз мавзеъи раиси ҷумҳури Украина гуфтаанд, ки такрори ин пешниҳод аз ҷониби Трамп Зеленскийро нороҳат кардааст.

Бо ин ҳол, мушовири раиси ҷумҳури Украина ин гузоришро “иттилооти нодуруст” хонда ва гуфтааст, ки Трамп дар бораи эҳтимоли баргузории музокироти сеҷонибаи Маскав, Киев ва Вашингтон суҳбат кардааст, на сафари Зеленский ба пойтахти Русия.

Зеленский ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳафтаи гузашта дар Ню-Йорк ба таври ҷудогона бо мақомоти маъмурияти Трамп мулоқот карданд. ИМА аз ҳар ду ҷониб хостааст дар бораи оташбас дар ҳамла ба иншооти энергетикии якдигар ба тавофуқ бирасанд, аммо то кунун ҳеч яке аз ду ҷониб ин пешниҳодро напазируфтааст.

Зеленский рӯзи гузашта гуфта буд, ки музокироти фаннии сулҳ миёни Украина ва Русия эҳтимолан дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шавад. Бо вуҷуди ин, ИМА то ҳол барои ин музокирот санаи мушаххас пешниҳод накардааст.

Пешниҳоди Трамп барои баргузории мулоқот дар Русия ҳамзамон бо даъвати маъмурияти ӯ аз Путин барои иштирок дар нишасти моҳи декабри Гурӯҳи 20 дар ИМА матраҳ шудааст. Ин иқдом дар Аврупо вокунишҳое ба бор овардааст.

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар суҳбат бо шабакаи “Си-эн-эн” гуфтааст, ки шунидани ин хабар “хеле душвор” буд.

Манобеи наздик ба Кремл гуфтаанд, ки эҳтимол дорад Путин аз иштирок дар нишасти Гурӯҳи 20 худдорӣ кунад ва ба ҷойи он дар нишасте, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, моҳи ноябр баргузор мекунад, ширкат варзад.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои аврупоӣ аз талошҳои бархе намояндагони ҷумҳурихоҳи Конгресси ИМА барои манъи содироти сӯзишвории дизелии Амрико изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳоле ки ҷангҳо дар Эрон ва Украина боиси боло рафтани нархи ин сӯзишворӣ шудааст, Трамп гуфтааст, ки аз манъи содироти он ҳимоят мекунад.

Ба гузориши “Блумберг”, қатъи содирот метавонад Аврупо ва Амрикои Лотиниро маҷбур кунад, ки ба ҷустуҷӯи манбаъҳои ҷойгузин рӯ оваранд. Дар сурати мушкил будани пайдо кардани ин манбаъҳо, фишорҳои таваррумӣ дар саросари ҷаҳон метавонад бештар шавад.

Бар асоси ин гузориш, Трамп таҳти фишор қарор дорад, то пеш аз интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА дар моҳи ноябр барои коҳиш додани қимати баланди сӯзишвории дизелӣ дар дохили кишвар иқдом кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.