Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард
Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд
Мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Боку бо мунтахаби футболи Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мулоқоти ду тим соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» доир мешавад.
Ин бозӣ барои мунтхаби ду кишвар бозии санҷишӣ аст ва дар бозӣ ду тим имкониятҳои худро месанҷанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Озарбойҷон довари асосии ин бозӣ Житар аз Молдова таъйин шудааст.
Дар ҳайати эҳтимолии Озарбойҷон Эмил Балоев, Элвин Бадалов, Ҷалл Ҳусейнов, Раҳман Дашамиров, Руфат Аббосов, Теллур Муталлимов, Абдулло Ҳайбуллоев, Эмин Маҳмудов, Аликсей Исаев, Маҳир Эмрели ва Ренат Дашадов қарор доранд.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов, Меҳрубон Каримов, Зоир Ҷӯрабоев, Алиҷон Кароматуллозода, Табрез Исломов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Аҳтам Назаров ва Алишер Ҷалилов бозӣ хоҳанд кард.
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон тайи солҳои охир дар чандин бозиҳои байналмилалӣ ширкат намуда, омодагии худро нишон медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид