“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао карда, ки ҳайати амрикоӣ бо як ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард. Трамп ин мулоқотро муҳим номида ва афзудааст, ки мулоқоти дигар низ бо намояндагони Эрон дар ояндаи наздик доир хоҳад шуд.
Ба навиштаи “Ал-Ҷазира” Доналд Трамп ин нуктаро дар майдони ҳавоӣ баён кардааст ва афзудааст, ки дар музокироти мақомоти амрикоӣ бо ҳайати эронӣ Ҷаред Кушнер ва Стив Уиткофф ширкат доштанд. Ӯ ҷузъиёти бештар дар хусуси ҳайати эронӣ, макон ва вақти баргузории ин мулоқотро матраҳ накардааст.
Доналд Трамп иддао намуда, ки Эрон мехоҳад бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокира кунад в гӯё рӯзи баргузории изҳороташ бо Вашингтон тамос гирифтааст.
Изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки дар рӯзҳои охир, ӯ дар хусуси тамос ва музокира бо Эрон чанд изҳороти мухталиф баён намудааст. Ҷониби Эрон дар матни пешниҳодшуда мустақилона доир шудани чунин мулоқоти сесоатаро тасдиқ накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт