“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Рекордшикании ҳизби Путин. Русияи воҳид 355 курсии Думаи давлатиро ба даст овард
Ҳизби Русияи воҳид, ки ҳукумати Владимир Путин бар асоси он шакл гирифтааст, бо гирифтани 35 курсӣ дар Думаи давлатӣ рекорди таърихӣ гузошт.
Ҳизби ҳокими Русия, ки аз ҳукумати феълии Русия ба раҳбарии Владимир Путин ҳимоят мекунад, бо ба даст овардани 355 курсӣ аз маҷмуи 450 курсии Думаи давлатӣ рекорди таърихӣ гузошт.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия гуфт, ки ҳизби Русияи воҳид 57, 83 фоизи овозҳоро ба даст овардааст.
Ин шуморае, ки Ҳизби Русияи воҳид ба даст овард, баландтарин натиҷа дар таърихи фаъолияти ин ҳизб мебошад.
Тибқи натиҷаҳои аввалияи шумориши оро, чор ҳизби дигар низ ба парлумон роҳ ёфтанд. Ҳизби коммунист 13, 81 фоиз, Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) тақрибан 8, 98 фоиз ва Ҳизби Мардуми нав 7, 96 фоизи овозҳоро ба даст оварданд. Ҳизби Русияи одил бо овози хеле кам аз ҳадди панҷфоизӣ ба парлумон роҳ ёфт.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия гуфт, сатҳи ширкати интихобкунандагон дар интихоботи Думаи давлатӣ 59,32 фоизро ташкил додааст. Дар маҷмуъ, беш аз 62 миллион шаҳрванди Русия дар интихобот ширкат кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт