“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Пентагон эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон 43, 6 миллиард доллар хароҷот доштааст
Пентагон дар гузориши нави худ эътироф кард, ки хароҷоти ҷанги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Эрон ба 43,6 миллиард доллар расидааст.
Дар ин бора рӯзномаи “South China Morning Post” хабар дода, афзудааст, ки ин иттилоотро Пентагон ҳафтаи гузашта ба кумитаҳои назоратии Конгресси ИМА пешниҳод намудааст.
Тибқи ин гузориш, аз ин маблағ 11,2 миллиард доллар ба хароҷоти мустақими амалиёти низомӣ рост меояд. Гуфта мешавад, ки ба ин қисми маблағ хароҷоти сӯзишворӣ, маош, имтиёзҳои низомиён, хизматрасониҳои тиббӣ, нигаҳдорӣ ва таъмири таҷҳизот ва дигар хароҷот дохил мешаванд.
Ба қисми дигари маблағ - 32,4 миллиард доллар хароҷоти иловагӣ дохил мешавад. Ин маблағ барои пур намудани захираи муҳимоти истифодашуда, иваз намудани ҳавопаймоҳои осебдида ва дигар таҷҳизоти низомӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба гузориши Пентагон рақами 43,6 миллиард доллар ҳама хароҷоти вобаста ба ҷангро дарбар намегирад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳисоб хароҷоти эҳтимолии барқарорсозии иншоотҳои низомии осебдидаи ИМА дар ҳашт кишвари Ховари Миёна дохил намешавад.
Дар сурати ворид шудани хароҷоти марбут ба барқарорсозии иншоот маблағи умумии ҷанг метавонад боз миллиардҳо доллар афзоиш ёбад.
Гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки масъалаи таъсири ҷанг ва хароҷоти он дар расонаҳои амрикоӣ бештар матраҳ мешавад. Аҳмияти ин масъала дар замоне, ки интихоботи миёнамуҳлати ИМА дар моҳи ноябр баргузор мешавад, бештар шудааст.
Қабл аз ин низ, Пентагон дар як гузориши расмӣ аз хисороти воридшуда ба иншоотҳои низомии Амрико хабар дода буд. Бар асоси он садҳо бинову иншооти вобаста ба неруҳои ИМ осеб дида ва тахриб шудаанд.
Рақами 43,6 миллиард долларро метавон ҳамчун арзёбии кунунии Пентагон аз бахши асосии хароҷоти ҷанг донист, на рақами ниҳоии маблағе, ки ИМА барои ин даргирӣ сарф кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт