“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Путин ба шакли онлайнӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ овоз дод
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Федератсияи Русия дар рӯзи аввали интихоботи парлумонии ин кишвар ширкат намуда, ба таври онлайн овоз дод.
Интихоботи Думаи давлатӣ ё парлумонии Русия рӯзи 18-уми сентябр оғоз шуд ва ҷараёни овоздиҳӣ се рӯз идома мекунад.
Расонаҳои Русия навиштанд, ки Владимир Путин бо роҳи низоми овоздиҳии фосилавии электронӣ дар интихобот ширкат кард.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведов, муовини раиси Шурои амнияти Русия ва роҳбари ҳизби “Русияи воҳид” низ дар яке аз ҳавзаҳои интхоботӣ ширкат намуда, овоз дод. Дмитрий Медведов гуфт “ширкати ҳар шаҳрванд дар интихобот Русияро ба пирӯзӣ бар зидди душман наздиктар мекунад”.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия гуфт, талошҳо барои халалдор кардани раванди интихобот ба изҳори озоди иродаи шаҳрвандон монеъ нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, 1 126 нозири хориҷӣ, аз 133 кишвар ва 13 созмони байналмилалӣ ҷараёни интихоботи Русияро назорат хоҳанд кард.
Интихоботи Думаи давлатии Русия ба шакли мустақими овоздиҳӣ ва онлайнӣ дар ҳоли баргузор шудан аст. Тибқи иттилоъ дар соатҳои аввали рӯзи интихбот беш аз як миллион нафар ширкат кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт