17 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 11:57, Душанбе
17.09.2026 11:09

Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем

Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС бо шабакаи хабарии “Индиа тудей” (India Today) суҳбат кард. Президенти Эрон бо ишора ба робитаҳои таърихиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон аз беҳтар шудани муносибатҳо бо сарвазири Ҳиндустон ва аҳамияти Чобаҳор ба ҳайси чорроҳи транзитии минтақа сухан гуфт. Ӯ БРИКС-ро абзоре барои муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва таҳримҳои якҷониб номид ва хостори ҳамкории мустақили кишварҳои узв дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ шуд. Дар зер мо мухтасари суҳбати ӯ бо хабарнигори “Индиа тудей”-ро меорем:

- Иҷозат диҳед суҳбатро аз дидори дуҷонибаи Шумо бо сарвазир Нарендра Модӣ оғоз кунем. Яке аз тасвирҳои рамзии ин дидор аксест, ки сарвазир дасти Шуморо гирифта, дар галерея ҳамроҳӣ мекунад. Аз сӯйи дигар, миёни шумо гуфтугӯи 45-дақиқаӣ сурат гирифт. Барои мо шарҳ диҳед, ки воқеан чӣ гузашт ва меҳвари аслии ин гуфтугӯ чӣ буд?

Масъуд Пизишкиён: - Муносибати мо бо сарвазири муҳтарами Ҳиндустон, аз замоне ки ман масъулиятро ба уҳда гирифтам, рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки ба далели пайванди амиқи фарҳангии деринае, ки миёни мо вуҷуд дорад, кишварҳои Ҳиндустон ва Эрон пайванди фарҳангӣ ва таърихӣ, ба дарозои чандин ҳазор сол доранд: пайванде, ки бо гузашти вақт аз байн намеравад. Табиист, ки талош мекунем ин робитаҳоро рӯз ба рӯз беҳтар кунем ва бар пояи он фарҳанги амиқ боз бинои наве эҷод кунем, ба якдигар кумак кунем, то дар баробари тамомиятхоҳие, ки дар ҷаҳон шакл мегирад, бо қудрат дар минтақа ба ҳамдигар ёрӣ расонем.

- Шумо ба нуктаи бисёр муҳим ишора кардед. Аммо мо дар бораи кишваре суҳбат мекунем, ки ҳоло даргир аст ва Ҳиндустон низ манофеи муҳимми стратегӣ дар Эрон дорад, ки бандари Чобаҳор яке аз муҳимтарини онҳост. Бо таваҷҷуҳ ба ҷанг, даргириҳо ва ҳамлаҳое, ки дар Чобаҳор шоҳидем, Чобаҳорро то чӣ андоза барои Ҳиндустон қобили эътимод ва ҳамчунон дорои зарфият ва аҳамият медонед?

Масъуд Пизишкиён: - Ҷангро мо оғоз накардаем, балки Амрико ва Исроили ҷинояткор оғоз кардаанд. Агар бар асоси қонуни байналмилалӣ ё усулҳои инсонӣ ба масъала нигоҳ кунем, онҳо бидуни ҳеч чорчӯбе ба кишвари мо ҳамла карданд. Раҳбари моро шаҳид карданд. Фармондеҳонро шаҳид карданд. Кӯдакони бегуноҳро дар мактаб дар як рӯз ҳамаашонро шаҳид карданд. Донишмандонро террор карданд ва зерсохторҳоро аз байн бурданд. Мутаассифона, ин рафтор бо қонунҳои байналмилалӣ ва башарӣ созгор нест. Дар натиҷа, мо дар баробари ин раванд танҳо аз худ дифоъ кардаем.

Дар робита ба Чобаҳор ва иртиботе, ки метавонем бо Ҳиндустон дошта бошем, Эрон аз нигоҳи геополитикӣ дар ҷойгоҳе қарор гирифтааст, ки аз лиҳози ҳамлу нақли умумӣ ва иртибототи минтақавӣ метавонад чорроҳае бошад, ки ҷанубро ба шимол ва шарқро ба ғарб пайванд медиҳад. Ин осонтарин, иқтисодитарин ва муносибтарин масирест, ки метавонад барои кишварҳои минтақа дар эҷоди робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ кумаккунанда бошад.

- Ҷаноби президент, оё мавзуи сармоягузориҳои Ҳиндустон дар бандари Чобаҳор низ дар ҷараёни гуфтугӯҳои шумо бо сарвазир матраҳ шуд?

Масъуд Пизишкиён: - Бо музокироте, ки бо якдигар доштем, дар хусуси ҳамаи ин роҳҳо ва самтгириҳои гуногун гуфтугӯ кардем. Дӯстон метавонанд дар он ҷо сармоягузорӣ кунанд. Ҳоло низ сармоягузориҳое доранд ва анҷом медиҳанд. Онҳо метавонанд биёянд ва ба таври муштарак кор кунанд ё мо метавонем ба сурати дуҷониба бо якдигар ҳамкорӣ кунем, то тавонем дар робита ба масъалаҳои гуногун ба сурати шарикона ҳамкорӣ дошта бошем.

- Ҷаноби президент, Шумо ҳамчунин, дар форуми иқтисодӣ ва тиҷоратӣ суханронӣ кардед. Эрон то чӣ андоза барои сармоягузорон ҷолиб ва қобили эътимод аст? Дар шароите ки бо таҳримҳо рӯ ба рӯ ҳастед, албатта, на таҳримҳои байналмилалӣ, балки таҳримҳои Амрико ва таҳримҳои якҷонибаи як кишвар, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ набояд мавриди пайравии дигар кишварҳо қарор гиранд, аммо ба ҳар ҳол ин таҳримҳо вуҷуд доранд. Дар чунин шароит ширкатҳо ва фаъолони иқтисодии Ҳиндустон чӣ гуна метавонанд дар Эрон фаъолият кунанд ё бо Эрон ҳамкорӣ дошта бошанд?

Масъуд Пизишкиён: - Ҳадафи БРИКС ин аст, равандеро, ки Амрико оғоз кардааст ва ҳар кишвареро, ки бихоҳад, таҳрим кунад, тағйир диҳад ва ба тамомиятхоҳӣ поён диҳад. Дар БРИКС қарор аст навъи муомилот, тиҷорат ва ҳамкории мо мустақил аз он бошад, ки як кишвар битавонад ҳар кишвари дигареро, ки бихоҳад, таҳрим кунад. Мо бояд битавонем бо якдигар ҳамкорӣ кунем. Мо ин ҷо ҷамъ шудаем, то бар асоси он ба якдигар кумак кунем, роҳ пайдо кунем ва аз ҳам пуштибонӣ кунем, то битавонем дар баробари ин тамомиятхоҳӣ ва якҷонибагароӣ истодагӣ кунем. Ин ҳадафи нишастест, ки мо дар он бо кишварҳои бузурги ҷаҳон, ба монанди Чин, Русия ва Ҳиндустон нишастаему мехоҳем ин роҳро пайдо кунем, Амрикоро аз якҷонибагароӣ берун кашем ва битавонем бо якдигар ҳамкорӣ кунем. Ин рисолат ва масъулияти нишасти БРИКС аст. Аммо муваффақияти БРИКС замоне низ амалӣ хоҳад шуд, ки як баёнияи муштарак содир шавад ва ба назар мерасад ихтилофҳо миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон ба монеаи ҷиддӣ дар роҳи дастёбӣ ба чунин баёнияи муштарак табдил шудаанд.

Мо бо Аморот мушкиле надорем. Бо ҳеч яке аз кишварҳои минтақа мушкил надорем. Мо бо пойгоҳҳое мушкил дорем, ки Амрико дар ин кишварҳо дорад ва аз ҳамин пойгоҳҳо ба кишвари мо таҷовуз мекунад. Аморот ё дигар кишварҳои минтақа ҳама бародарони моянд. Як умр бо ҳам зиндагӣ кардаем, як умр бо ҳам тиҷорат кардаем ва як умр ба ҳам кумак кардаем. Ин Амрикост, ки дар он ҷо пойгоҳ таъсис додааст ва аз он пойгоҳ кӯдакони моро шаҳид мекунад, зерсохторҳои моро мезанад ва раҳбарон, донишмандон ва мардуми моро бомбаборон мекунад. Дар ҳақиқат мушкил ин аст, ки дӯст ва ҳамсоя набояд иҷоза диҳанд, ки душман аз хоки онҳо ба кишвари дигар ҳамла кунад. Мо ҳоло бо кишвари Аморот робитаи хуб дорем ва метавонем онро густариш диҳем. Бо дигар кишварҳо низ чунин аст. Диламон мехоҳад бо ҳамаи онҳо робитаҳои самимӣ дошта бошем, вале Амрикост, ки намехоҳад ин иттифоқ биафтад. Ба ҳамин далел, намехоҳад чунин шавад. Амрико нафт, маъданҳо ва захираҳои зеризаминии минтақаро мебарад ва дар муқобили он ба кишварҳо силоҳ, мушак ва ҳавопаймо медиҳад, то моро аз якдигар битарсонад ё моро ба ҷони ҳам биандозад, то бо ҳам ҷанг кунем. Ҳам сармояи ин минтақаро мебаранд ва ҳам амнияту сулҳро дар минтақа хароб мекунанд. Мо худамон метавонем бо кишварҳои ҳамсоя даст ба даст диҳем ва сулҳу амниятро дар минтақа барқарор кунем, ба мардумони худ кумак кунем ва рушди иқтисоду фарҳангро дубора шукуфон созем.

- Бисёр хуб. Арзёбии самимии Шумо аз вазъи Эрон пас аз шаш моҳи рӯёрӯӣ чист? Оё Эрон имрӯз аз лиҳози низомӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ заъифтар шудааст ё қавитар?

Масъуд Пизишкиён: - Дар робита ба БРИКС, талош барои пеш бурдани ин раванде, ки ҳоло вуҷуд дорад, рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Ба назари ман, мо метавонем дар ҳамаи ин масъалаҳои мавҷуд бо якдигар ҳамроҳӣ кунем. Бонки нави БРИКС, ки таъсис ёфтааст, барои он аст, ки битавонад ба кишварҳои узв дар «сармоягузориҳои муштарак» ва «пуштибонӣ аз сармоягузороне, ки бо якдигар кор мекунанд» кумак кунад ва рушдро дар он ҷо шакл диҳад. Табиист, ки ин масъала ба мулоҳизаҳое бармегардад, ки худи кишварҳо ҳоло дар робита бо Амрико доранд. Амрико бо раванде, ки то имрӯз пеш гирифтааст, ҳамаи кишварҳои минтақаро аз нигоҳи иқтисодӣ ба худ вобаста кардааст.

Ин талош тадриҷан шакл мегирад, ки ин вобастагӣ ба иқтисоди Амрико ё доллари Амрико ба тадриҷ коҳиш ёбад. Ин вақт мехоҳад, то ба нуқтаи матлуб бирасем, вале тамоми талоши ин кишварҳо ин аст, ба ҷое бирасем, ки якҷонибагароиро аз байн барем ва дар ҳақиқат низоми якқутбӣ вуҷуд надошта бошад ва битавонем бо якдигар ба осонӣ ҳамкорӣ кунем ва ҳар кишвар мустақил аз вобастагӣ кори худро анҷом диҳад.

- Бинобар ин, Шумо ба нуктаи бисёр муҳимме ишора мекунед, зеро Ғарб тасаввур мекард, ки метавонад Эронро дарҳам бишканад. Оё Эрон имрӯз муттаҳидтар ва мутамарказтар шудааст?

Масъуд Пизишкиён: - Кишварҳое, ки дар ҳоли рушданд, мушкилоти хоси худро доранд ва мо низ мушкилоти худро доштаем ва дорем. Вале коре, ки Амрико кард, моро муттаҳидтар кард. Ҳатто мардумони минтақа нисбат ба коре, ки Амрико анҷом дод, ба Амрико нафрат карданд, зеро мо мазлум воқеъ шудем. Онҳо бидуни ҳеч далеле ба кишвари мо ҳамла карданд, танҳо ба ин далел, ки қудрат доранд ва тасаввур мекарданд, ки мисли Венесуэла меоянд ва дар зарфи 24 соат тамоми кишвари моро дар ҳақиқат тасарруф мекунанд ва омилони худро дар кишвар мустақар месозанд. Онҳо бовар намекарданд, ки тамоми барнома ё кореро, ки дар Сурия анҷом дода буданд, дар ин ҷо низ такрор кунанд. Фикр мекарданд, ки дар зарфи ду-се рӯз бо шаҳид кардани фармондеҳон, мудирон ва вазирони кишвар ва муҳимтар аз ҳама раҳбари олии кишвар, ҳама чиз фурӯ хоҳад рехт. На фақат ин иттифоқ наафтод, балки мардум бо қудрат ба саҳна омаданд. Ҳоло беш аз 190 рӯз аст, ки мардум дар кӯчаҳоянд ва неруҳои низомии мо бо фидокорӣ ва ҷоннисорӣ дар муқобили он технологияҳо ва қудрати таҷҳизотии онҳо истодагӣ карда, бо қудрат муқовимат кардаанд. Бо вуҷуди тамоми талошҳое, ки барои сарнагун кардани ҳукумат карданд, ҳукумат бо кумаки мардум ва пуштибонии неруҳо тавонистааст мушкилотро ҳал кунад. Ин муқовимат барои онҳо ғайриқобили тасаввур буд ва бар асоси ҳамин иқдом низ рӯз ба рӯз мо муттаҳидтар шудем. Ҳатто онҳое, ки дар кишвари мо норозӣ буданд ва мушкилоте доштанд, бо якдигар барои ҳифзи тамомияти кишвар истоданд ва аз тамомияти Эрон дифоъ карданд ва ба таҷовузи Амрико ва Исроил эътироз карданд. Ҳатто шумораи зиёди эрониёне, ки дар хориҷ буданд, ба дохили Эрон баргаштанд.

- Оё Шумо дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ ҳастед? Оё ғанисозии ҳастаӣ барои Эрон ғайриқобили музокира аст? Мавқеи Эрон дар ин замина чист, ба вижа он ки ин маҳз ҳамон мавзуъест, ки президент Трамп борҳо бар он таъкид мекунад?

Масъуд Пизишкиён: - Шумо медонед, коре, ки Амрико кард ин буд, ки нахуст ба таври низомӣ мехост тасарруф кунад, натавонист. Сипас, зерсохторҳоро зад, нашуд. Ҳоло роҳи вуруди мол, дору, ғизо ва ҳатто тиҷоратро бастааст ва роҳҳои баҳриро бастааст. Мехоҳад роҳҳои заминиро низ бандад. Амрико иддаои ҳуқуқи башарӣ мекунад, дар ҳоле ки беморони мо ва мардуми моро мехоҳад ба гуруснагӣ бикашад ё аз тарси беморӣ бимиранд ё мушкилот эҷод кунад, то моро ба таслим шудан водор кунад. Ин кори инсонӣ нест: ваҳшиёнатарин кори имконпазир аст, ки анҷом медиҳанд. Роҳи дору ва ғизоро мебанданд. Мо худамон тиҷорат мекунем, намегузоранд пули мо баргардад. Бар асоси кадом мантиқ ин корро мекунанд? Касе ки меҷангад, дар майдони ҷанг меҷангад. Иддаои ҳуқуқи башар мекунанд. Кадом ҳуқуқи башарист, ки иҷоза намедиҳад инсонҳо дар минтақае, ки бо ҷанг ҳеч иртиботе надоранд, аз дору, ғизо ва зиндагӣ таҳрим шаванд? Инҳо аз ҳуқуқи башар сухан мегӯянд. Аслан барои чӣ меҷанганд? Мо чӣ кардаем, ки бо мо чунин мекунанд? Ин як фоҷиа аст. Ба ҷаҳон мегӯянд, ки мо дар пайи силоҳи ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ ҳастем. Мо дар пайи куштори ҷамъӣ ҳастем? Ё ин кишварҳо, ки ҳар рӯз инсонҳои бегуноҳро дар Ғазза, Фаластин, Сурия, Лубнон ва Эрон мекушанд, кӣ ин корро мекунад? Ва мутаассифона, ҷаҳон ба зоҳири зебои онҳо менигарад ва бовар мекунад, ки рост мегӯянд.

- Аммо ҳадафи ин масъала чист? Оё масъала ба Исроил марбут мешавад? Ҳадафи ин иддао, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ дорад ё дар роҳи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ қарор дорад, чист?

Масъуд Пазишкиён: - Амалкардҳои Амрико бар зидди Эрон фақат таблиғот аст. Онҳо дар робита ба силоҳҳои ҳастаӣ ва талошҳои ҳастаии Эрон бештарин назоратро доштанд. Мо омода будем ва онҳо ҳар рӯз меомаданду бозрасӣ ва боздид мекарданд. Мо дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ кор мекардем ва кор мекунем. Агар мо дар пайи силоҳи ҳастаӣ мебудем, узви «NPT» намешудем. Ҳамаи ин баҳонаҳоеянд, ки тавҷеҳ кунанд метавонанд ба хоки мо ҳамла кунанд. Раҳбари шаҳиди мо ҳам аз лиҳози раҳбарӣ ва ҳам аз лиҳози мақом ҷойгоҳи баланд дорад ва борҳо эълом карда буд, ки мо ба ҳеч ваҷҳ дар пайи силоҳи ҳастаӣ нестем. Бо чӣ забоне бояд бигӯем, ки дар пайи силоҳи ҳастаӣ нестем? Онҳо кадом санадро пайдо кардаанд, ки мо силоҳи ҳастаӣ месозем ва ба худ иҷоза додаанд ба кишвари мо чунин таҷовуз кунанд? Дурӯғ мегӯянд, мисли ҳамаи он дурӯғҳое, ки ҳамеша аз минбарҳо ба мардум мегӯянд.

- Ҷаноби президент, ман муддати зиёдест, ки таҳаввулоти марбут ба ихтилофи Эрон ва Амрикоро пайгирӣ мекунам. Лутфан, арзёбии худро аз вазъи ҷанг пешниҳод кунед. Оё мо ҳамоно дар ҳолати ҷангӣ қарор дорем ё ҷанг дар ҳолати таваққуф аст, дар ҳоле ки ҳам оташбас ва ҳам музокирот шикаст хӯрдаанд?

Масъуд Пизишкиён: - Шумо тасаввур мекунед, Исроил дар пайи он аст, ки Эрон дар пайи силоҳи ҳастаӣ набошад?! Ба чӣ далел Исроил узви NPT нест? То дилаш бихоҳад бомби атомӣ дорад. Чаро ин созмонҳои байналмилалӣ ба Исроил эътироз намекунанд? Ба чӣ далел бомби атомӣ сохтаӣ ва чаро узви созмонҳои байналмилалӣ нестӣ? Зиёда аз 70 ҳазор инсон ҳар рӯз бомбаборон мешаванд. Кадом виҷдони бедори инсонӣ қабул мекунад, ки бо инсонҳои бегуноҳ чунин рафтор кунанд? Роҳи об, ғизо ва доруро барои онҳо бастаанд. Тамоми ҷаҳон мебинаду мефаҳмад. Чаро касе бо Исроил коре надорад? Чӣ ҷаҳони ваҳшие, ки гурӯҳе метавонанд ба осонӣ одамон, занон ва кӯдаконро бикушанд, бемористонҳо ва донишгоҳҳоро ҳадаф қарор диҳанд: ҳама нигоҳ мекунанд ва ҳар рӯз ҳам аз он дифоъ мекунанд. Ин як фоҷиа аст. Мо бо рафтори золимонаи Исроил ва рафтори золимонае, ки Амрико нишон медиҳад, мухолифем. Мо мегӯем набояд зулм кунанд ва инсонҳои бегуноҳро бикушанд ва ба ин масъала мухолифем. Оё бояд мо ҳам кушта шавем? Ин золимонатар аст. Ҷаҳон ва инсонҳо инро мебинанд, танҳо нигоҳ мекунанд. Гоҳ-гоҳ ҳамдардӣ мекунанд.

- Ин нуктаи муҳим аст. Аммо президент Трамп ҳамчунон мегӯяд, ки бо раҳбарони нави Эрон дар иртибот аст ва бо онҳо гуфтугӯ мекунад. Манзури ӯ аз раҳбарони нави Эрон чист? Президент Трамп бо чӣ касоне дар Эрон дар ҳоли гуфтугӯ аст?

Масъуд Пизишкиён: - Мо барои поёни ҷанг ва оташбас гуфтугӯ кардем. Мо чандин бор гуфтугӯ кардем. Он замоне ки аввалин ҳамларо анҷом доданд ва замони Ҷанги 12-рӯза, мо сари мизи музокира будем. Пас аз он дубора сари мизи музокира омадем. Дубора доштем ба тавофуқи ниҳоӣ мерасидем, боз ҳамла карданд. Боз баъд аз ҳамаи ин таҷовузҳо, ки бо мо карданд, ба тавофуқ расидем, имзо кардем. Трамп хеле осон омаду гуфт, ки ман инро қабул надорам ва дубора онро пора кард. Чӣ гуна метавонем дубора гуфтугӯ кунем ва боз ба ин тааҳҳудоте, ки ба онҳо пойбанд ҳастанд ё нестанд, эътимод кунем? Намедонем. Яъне, чизеро менависанд ва баъд хеле осон мисли об хӯрдан онро пора мекунанд. Чӣ ҷаҳоне, ки мо наметавонем бо ҳам биншинем ва гуфтугӯ кунем ва бар сари гуфтугӯ истодагӣ кунем. Ин мушкилест, ки мо дорем. Ҳоло мо мушкиле надорем. Мо дар пайи ҷанг нестем. Эрони мо ҳеч гоҳ таҷовузгар набудааст. Шумо наметавонед дар тӯли чандин сад соли гузашта бубинед, ки Эрон ба кишваре ҳамла карда бошад.

- Аммо музокироте бо миёнаравии Покистон анҷом шуд ва ҳатто як ёддошти тафоҳум низ вуҷуд дошт, вале муҳлати он рӯзи 17-уми август ба поён расид. Бо таваҷҷуҳ ба он ки музокирот бо миёнаравии Покистон ба натиҷа нарасид, оё Уммон вориди раванди миёнаравӣ ва музокирот шудааст?

Масъуд Пизишкиён: - Мо намедонем кадом як аз ин суханонеро, ки Трамп баён мекунад, ниҳоят бояд бипазирем ва бар он истодагӣ кунем. Покистон дӯст, бародар ва ҳамсояи мост ва дар ин робита талоши зиёде кардааст, ки мо сулҳу амниятро дар минтақа барқарор кунем. Қатар низ талош мекард тавофуқе, ки дар Покистон сурат гирифт, ба натиҷа бирасад. Ман намедонам он чизе, ки мо дар Покистон навиштем, мушкилаш куҷост, ки Амрико мехоҳад аз нав биншинем ва бо ҳам гуфтугӯ кунем. Мо кадом сухани ғайримантиқиро он ҷо гуфта будем? Ё чӣ сухане гуфта будем, ки берун аз чорчӯбаҳои мантиқӣ, қонунӣ ва илмӣ дар ҷаҳон буд, ки имрӯз бояд дубора дар бораи он суҳбат кунем? Сухан ҳамон аст, ки гуфтем ва бар ин асос аст, ки Амрико таҳримҳояшро бардорад, аз якҷонибагароӣ даст кашад, бо зӯр бо мо гуфтугӯ накунад ва роҳҳоро боз кунад, то мо низ мисли тамоми ҷаҳон зиндагӣ кунем. Мо омодаем дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ва бар асоси робитаҳои мантиқӣ дар ҷаҳон бо ҳама муносибатҳои худро дошта бошем. Мо ҳамла накардаем. Бинобар ин, бояд аз таҷовузҳо даст кашида шавад. Онҳо ба мо ҳамла накунанд, мо ба онҳо ҳамла намекунем. Мо ба касе ҳамла накардаем. Онҳо ба мо ҳамла карданд ва мо аз худ дифоъ кардем. Чӣ чизи дигар бояд рух диҳад, то бигӯем, масалан, онҳо мехоҳанд мо ба натиҷа бирасем? Дар робита ба масъалаи ҳастаӣ низ қарор аст бо ҳам биншинем, боз дар чорчӯби NPT ва ҳамон қонунҳои байналмилалӣ. Мо омодаи гуфтугӯ ҳастем.

- Агар Трамп бидуни пешшарт хостори гуфтугӯи мустақим бо Эрон шавад, оё шумо барои чунин музокирот омода ҳастед?

Масъуд Пизишкиён: Ҳоло ба чунин қарор омада наметавонем. Шумо фикр кунед, раҳбари моро шаҳид карданд, бар асоси чӣ далел? Ва ҳоло раҳбари моро касе, ки  шаҳид кардааст, мехоҳад мустақиман бо мо  суҳбат кунад? Яке биёяд шаҳид кунад ва баъд интизор дошта бошад, ки ба ҳамин содагӣ суҳбат кунем? Мардум бисёр аз ҳодисаи рухдода нороҳатанд ва ин фоҷиае, ки ба сари кишвари мо оварданд, ба ин содагӣ аз хотираашон хориҷ нахоҳад шуд. Хеле душвор аст. Раҳбар танҳо раҳбар набуд: ӯ дар қалби мардуми Эрон ҷой дошт. Хеле сангин аст, ки ҳамаи мардум ба ин осонӣ бипазиранд, ки онҳо ин корро кардаанд ва инсон тавонад ба осонӣ аз он бигзарад. Хеле душвор аст. Не, ба ин осонӣ нест. Мо навиштем, танҳо онҳо имзо карданд. Мо имзо кардем. Бояд фазои эътимод ислоҳ шавад. Мо бояд бовар кунем, ки суханҳое, ки мегӯянд, рост мегӯянд ва дар он чорчӯбае, ки ҳастанд, истодагӣ мекунанд. Аз оғози инқилоб, ки мо истодагӣ кардаем, онҳо дар талошанд кишвари моро сарнагун кунанд.

- Вокуниши Эрон ба паймони Макка чист?

Масъуд Пизишкиён: - Мо бо Арабистони Саудӣ дар ҷанг нестем ва ҳусиҳо низ масъалаҳои худро доранд. Ҳамаи кишварҳои минтақа бояд биншинанд ва сулҳу амниятро дар минтақа эҷод кунанд. Мантиқ ва далеле вуҷуд надорад, ки мо бо якдигар дар ҷанг ва даргирӣ бошем. Чӣ гуна мешавад, ки кишварҳои Аврупо бо ҳам менишинанд, бо вуҷуди ҷангҳои чандсадсолае, ки бо якдигар доштаанд, барои худ қонунҳое барои муносибатҳо доранд, роҳҳоро барои ҳам боз мекунанд ва тиҷорат мекунанд. Кишварҳои худи минтақа низ метавонанд ин усулҳоро дошта бошанд. Ҳар кишвар метавонад бо завқу дидгоҳ, андеша ва тафаккури худ бошад, вале дар чорчӯби робитаҳо ва амнияти минтақавӣ бо ҳам биншинем ва гуфтугӯ кунем. Ҷангидан кори дуруст нест. Инсон, инсонро намекушад. Инсон инсонро дар ҳақиқат аз зиндагӣ ва рушд маҳрум намекунад. Агар чунин кор кунем, ваҳшигарӣ аст. Мо дар пайи он ҳастем, ки на танҳо Арабистони Саудӣ, Туркия, Покистон ва ҳамаи кишварҳои минтақа, балки ҳамаи мо тавонем бо ҳам биншинем ва амнияти худро ҳифз кунем. Мо метавонем дар минтақа иқтисоди пӯё эҷод кунем ва ҳамаи касоне, ки дар минтақа зиндагӣ мекунанд, зиндагии солим ва хуб дошта бошанд. Далеле вуҷуд надорад, ки дар минтақа ваҳдат ва ҳамбастагӣ эҷод накунем.

- Мо шоҳиди суханоне дар бораи интиқом гирифтан аз Амрико ва ҳамла ба кишварҳои Ховари Миёна ҳастем. Оё ин ҳамон чизе нест, ки Ғарб мехоҳад, то шуморо аз якдигар ҷудо кунад ва минтақаро дучори шикоф ва ихтилоф созад?

Масъуд Пизишкиён: - Шумо шубҳа доред? Аслан кори Амрико ва Исроил «тафриқа андозу ҳукумат кун» аст. Ҳамин ҳоло дар кишвари мо мехоҳанд қавмиятҳои гуногунро дар муқобили якдигар қарор диҳанд. То дар дохили кишвари мо тафриқа ва мушкил эҷод кунанд. Монанди ҳамин корро бо кишварҳои ҳамсоя низ анҷом медиҳанд. Агар шумо санадҳои хаттиеро, ки онҳо доранд ва нашр кардаанд, нигоҳ кунед, нияти онҳо ин аст, ки кишварҳои арабиро дар муқобили Эрон бо якдигар муттаҳид кунанд, то мо бо ҳам биҷангем. Вақте меҷангем, нафт ва манобеи моро мебаранд ва дар муқобили чизе, ки бурдаанд, ба онҳо силоҳ медиҳанд. Онҳо бояд силоҳ бисозанд, ба ҷони ҳам биафтем, якдигарро бикушем ва онҳо ба осонӣ рафта кори худро анҷом диҳанд. Чӣ мантиқе вуҷуд дорад, ки мо дар минтақа ҳар кишвар чунон худро мусаллаҳ кунад, ки аз якдигар битарсем? Одамҳо магар аз якдигар метарсанд? Дар натиҷа, Амрико ва корҳое, ки онҳо мекунанд, эҷоди тафриқа ва душманӣ аст.

Аз замоне ки ман масъулиятро ба уҳда гирифтам, тамоми талошам ин буд, ки битавонем дар дохили кишвар ваҳдат ва ҳамбастагӣ эҷод кунем ва ин ихтилофи завқҳоеро, ки миёни инсонҳо вуҷуд дорад ва табиӣ аст, ба душманӣ табдил надиҳем. Ҳамчунин, ба кишварҳои ҳамсоя дасти дӯстӣ дароз кунем ва паймони муҳаббат ва инсоният барқарор кунем. Ин талошест, ки анҷом медиҳем. Онҳо намехоҳанд мо ба ин ҳадаф даст ёбем.

- Пас чаро Эрон, ҷаноби президент, ба ҷаҳони араб наздик намешавад? Ин минтақа бахше аз ҷаҳони ислом аст. Чаро барои поён додан ба шикофе, ки миёни шиа ва суннӣ эҷод шудааст ва Ғарб муддати тӯлонӣ онро доман задааст, талош намекунед?

Масъуд Пизишкиён: - Мо, ки суҳбат кардаем. Аз рӯзи аввал ҳам дар айёми соли нав ва ҳам дар моҳи муборак, ки рӯзҳои вижаи мусулмононанд, бо ҳамаи раҳбарон телефонӣ суҳбат ва гуфтугӯ кардем. Мушкили кор ин аст, ки Амрико дар хоки кишварҳои арабӣ пойгоҳ таъсис додааст. Аз ҳамон ҷо ба мо ҳамла мекунанд.  Мо ба онҳо ҳамла накардаем. Мо манбаи таҷовуз ба кишварамонро ҳадаф қарор додем. Табиист, ки ин масъала боис шудааст, то андозае нисбат ба кишварҳои минтақа нороҳатӣ эҷод шавад. Оё ин нороҳатӣ мантиқӣ аст? Оё онҳо бояд нороҳат шаванд, ки иҷоза додаанд душман биёяд дар хоки онҳо мустақар шавад ва мардуми бегуноҳи моро шаҳид кунад ва мо бимонему ҳеч коре накунем?

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

17.09.2026 11:09

Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем

Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС бо шабакаи хабарии “Индиа тудей” (India Today) суҳбат кард. Президенти Эрон бо ишора ба робитаҳои таърихиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон аз беҳтар шудани муносибатҳо бо сарвазири Ҳиндустон ва аҳамияти Чобаҳор ба ҳайси чорроҳи транзитии минтақа сухан гуфт. Ӯ БРИКС-ро абзоре барои муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва таҳримҳои якҷониб номид ва хостори ҳамкории мустақили кишварҳои узв дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ шуд. Дар зер мо мухтасари суҳбати ӯ бо хабарнигори “Индиа тудей”-ро меорем:
17.09.2026 11:08

Президенти кишвар бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
17.09.2026 11:07

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон

Дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
17.09.2026 11:06

Вазири кишоварзӣ бо сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи рушди тухмипарварӣ ва чорводориро баррасӣ карданд

16-уми сентябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.
17.09.2026 08:37

Пешвои миллат бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд

17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
17.09.2026 08:26

Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Аврупо ба Русия ҷанг “комилан дигар” ва “хеле кӯтоҳ” хоҳад буд.
17.09.2026 06:48

“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард

Шабакаи хабарии “Фокс Нюс” (Fox News) хабар дод, ки рӯзи 16-уми сентябр Эрон ба як киштии Амрико дар наздикии гузаргоҳи Ҳурмуз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ анҷом дод. Ин расона иттилоъ дод, ки дар ҳамла чор паҳпод ва як мушаки эронӣ истифода шудааст.