Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Килиан Мбаппе: “Мардум голҳои маро ба назар нагирифта, ба танқид рӯ овардаанд”
Килиан Мбаппе, ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” ва яке аз беҳтарин футболбозони имрӯз дар мусоҳиба бо рӯзномаи “L’Equipe” доир ба танқидҳое, ки ҳамарӯза мешунавад, гуфт.
“Мардум шумораи голҳои маро фаромӯш мекунанд, яъне дар мавсими гузашта аз рӯйи теъдоди голҳо дар се мусобиқа Ла Лигаи Испания, Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар ҷойи якум будам, аммо бархеҳо маро танқид мекунанд, ки дар муҳофизат кумак намекунам. Дар майдон вазифаи асосии ман гол задан аст, мавқеам ҳамлагари марказист”, - гуфтааст футболбози фаронсавӣ.
Килиан Мбаппе афзудааст, ки дар ҳар бозӣ миллион мураббӣ пайдо мешавад ва ҳар гуна суханҳои нохуб мегӯянд.
“Ҳар кас фикри худро дорад, вале ба назари ман мақсади асосии футбол ин задани гол аст ва бояд шумораи голҳо дар ҳар бозӣ аз ҳариф зиёдтар бошанд. Дар майдон ҳар кас мавқеъ дорад”, - илова намудааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир Килиан Мбапперо барои танҳо дар хатти ҳамла бозӣ карданаш танқид мекунанд. Бархе коршиносон ба назаре ҳастанд, ки дар футболи имрӯза бояд ҳамлагарон ҳам ба қафо баргарданд ва муҳофизат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст