Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Ислом Махачев: “Омодаам бо Конор муҳориба гузаронам”
Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев дар мусоҳиба бо «Матч ТВ» гуфт, ки барои муҳориба бо Конор Макгрегор омодааст.
“Ба наздикӣ дар мусобиқаи Zuffa Boxing будам. Он ҷо бо Турк Ал эш-Шейх суҳбат кардам. Он кас гуфт, ки ният дорад бокси ману Конор Макгрегорро ташкил кунад. Ман розӣ шудам ва танҳо гуфтам, ки бояд бо Дана Уайт, роҳбари UFC маслиҳат кунад, зеро ҳоло бо ташкилоти ӯ шартнома дорам.
Чемпиони UFC дар мавриди муҳорибаи навбатиаш чунин гуфт: “Ман ният дорам, ки пеш аз моҳи Рамазон як муҳорибаи дигар гузаронам. Қарори UFC-ро дар бобати ташкили муҳориба интизорам, ҳоло сана ва рақиб маълум нест”.
Ҳамчунин, Ислом Махачев дар мавриди размкори қазоқистонӣ Шавкат Раҳмонов гуфт, ки ӯ низ яке аз довталабон аст, вале муддати тӯлонӣ муҳориба нагузарондааст ва ҳоло ҷароҳат дорад. Чемпион қайд намуд, ҳоло ду довталаб Карлос Пратес ва Майкл Моралес ҳаст ва UFC муайян мекунад, ки кадомаш барои камарбанд меҷангад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст