Полис ҳушдор дод: нашри рекламаи дурӯғ 5 сол зиндон дар пай хоҳад дошт
“Бозиҳо душвор хоҳанд шуд”. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона эълон шуд
Ду кӯдак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт
Нурулло Алиев Бенеил Дариушро ба муҳориба даъват кард
Нурулло Алиев, размкори бебохти тоҷик расман варзишгари эронитабори амрикоӣ Бенеил Дариушро ба муҳориба даъват кард.
“Бенеил Дариуш, даъватро қабул кун. Ту размкори таҷрибадор ҳастӣ, ман бошам, ҷавону бебохтам. Ман ба муҳорибаи душвортарини корномаам омодаам. Биё, ин муҳорибаро ташкил кунем ва ба ҳаводорони ин навъи варзиш рақобати диданӣ нишон диҳем”, - навиштааст Нурулло Алиев дар саҳифаи Инстаграмаш.
Бояд гуфт, ки Нурулло Алиев ният дорад бо Бенеил Дариуш 24-уми октябр дар мусобиқаи UFC, ки дар АМА доир мегардад, рақобат намояд.
Ҳоло Бенеил Дариуш дар раддабандии вазни сабуки UFC дар ҷойи 14-ум қарор дорад ва агар бо Нурулло Алиев рақобат кунад ва мағлуб гардад, мавқеи худро ба варзишагри тоҷик медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Нурулло Алиев 25-уми июл Майк Дэвисро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб кард ва пас аз муҳориба хоҳиши рақобат кардан бо Бенеил Дариушро гуфта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
БОР ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон 43, 27 миллион доллар грант ҷудо кард
Рӯдакӣ дар чашми расонаҳои Эронӣ: аз “падари шеъри форсӣ” то намоди фарҳангии муштараки Эрону Тоҷикистон
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Рекордшикании ҳизби Путин. Русияи воҳид 355 курсии Думаи давлатиро ба даст овард