Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Беш аз як ҳазор фаластинӣ пас аз оғози оташбас дар Ғазза кушта шудаанд
Аз замони оғози оташбас бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида, дастикам 1092 фаластинӣ дар ҳамлаҳои неруҳои исроилӣ дар Навори Ғазза кушта ва се ҳазору 507 тани дигар захмӣ шудаанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 9-уми июл, гузориш додааст, ки ин оморро Вазорати тандурустии Ғазза мунташир кардааст.
Бар асоси гузориш, аз оғози ҷанг дар октябри соли 2023 то кунун, шумори кушташудагон дар Ғазза ба 73 ҳазору 118 нафар ва шумори захмиҳо ба 173 ҳазору 615 нафар расидааст.
Вазорати тандурустии Ғазза эълом кардааст, ки ин омор қурбониёни ҳамлаҳои Исроилро дар саросари Навори Ғазза аз замони оғози ҷанг то кунун дар бар мегирад.
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди эъломи оташбас, ҳамлаҳо ва талафот дар Ғазза ҳамчунон идома дорад ва мардуми ин минтақа бо буҳронҳои шадид, аз ҷумла фақр, гуруснагӣ ва набуди сарпаноҳ ва имконоти аввалия рӯ ба рӯ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.