Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Дар ҳамлаҳои Исроил бар Ғазза беш аз 73 ҳазор нафар кушта шудаанд
Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил алайҳи Навори Ғазза то кунун дастикам 73 ҳазору 90 фаластинӣ кушта ва 173 ҳазору 550 тани дигар захмӣ шудаанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи шанбе, 4-уми июл, гузориш додааст, ки ин омор аз ҷониби Вазорати тандурустии Ғазза эълом шуда ва ба маҷмуи талафот аз оғози ҷанг дар октябри соли 2023 то кунун марбут мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар баробари талафоти густурда, бахши бузурги қурбониёнро ғайринизомиён, ба вижа занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.
Пас аз оташбаси эъломшуда бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида низ ҳамлаҳои Исроил идома ёфта ва дар натиҷаи он 1066 фаластинӣ кушта ва 3445 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамзамон, созмонҳои байналмилалӣ борҳо нисбат ба бад шудани авзои башардӯстона дар Ғазза ва афзоиши фишор бар ғайринизомиён ҳушдор додаанд.
Созмони имдод ва корёбӣ барои паноҳандагони фаластинӣ низ хостори ҳимояти бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда ва гуфта буд, ки идомаи фаъолияти ин ниҳод барои ҳифзи субот ва расидагӣ ба ниёзҳои фаврии мардуми Фаластин ҳаётӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.