Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Умон бо “боҷи гумрукӣ” дар тангаи Ҳурмуз мухолифат кардааст
Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон, гуфтааст, ки ин кишвар бо “ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ” барои киштиҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд, мухолиф аст.
Хабаргузории “Ал-Ҷазира” рӯзи сешанбе, 30-уми июн, гузориш додааст, ки вазири корҳои хориҷии Умон ин мавзуъро дар гуфтугӯ бо як расонаи фаронсавӣ матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, ҳарчанд Умон бо ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ мухолиф аст, аммо ба назар мерасад, ки аз дарёфти ҳаққи хизмат барои “хидматрасонии дарёӣ, муҳити зист ва киштиронӣ” истиқбол мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Умон гуфтааст: “Бархе аз хизматрасониҳои мумкин аст шомили афзоиши амнияти новбарӣ, муҳофизати обҳо дар баробари олудагӣ ва афзоиши омодагӣ барои муқобилият бо ҳодисаҳо ё ҳолатҳои изтирорӣ бошад”.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охир пешниҳоди эҷоди як масири нави убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз аз сӯйи Умон бо вокуниши ҷиддии Эрон рӯбарӯ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.