Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Ҳушдори UNRWA: Вазъияти башардӯстона дар Ғазза буҳронӣ ва нигаронкунанда аст
Созмони кумак ва корёбии Созмони Милали Муттаҳид барои гурезагони фаластинӣ (UNRWA) эълом кардааст, ки вазъияти башардӯстона дар Навори Ғазза ҳамчунон бисёр буҳронӣ буда ва ниёзҳои аввалияи мардум дар сатҳи густурдае таъминнашуда боқӣ мондааст.
Ин созмон рӯзи якшанбе, 28-уми июн, гузориш додааст, ки камбуди оби ошомиданӣ, дору ва маводи ғизоӣ дар минтақаҳои гуногуни Ғазза идома дорад ва тахриби густурдаи зерсохтҳо зиндагии ҳазорон хонаводаи овораро бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.
Ин созмон гуфтааст, ки талош мекунад хизматрасонии тандурустӣ, омӯзишӣ ва дастрасӣ ба оби тозаро барои хонаводаҳои осебдида фароҳам созад.
Ин ниҳод афзудааст, ки маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии асосӣ вуҷуд дорад ва ниёзи фаврӣ ба афзоиши кумакҳои башардӯстона эҳсос мешавад.
Созмони кумак ва корёбӣ барои паноҳандагони фаластинӣ бори дигар бар зарурати ҳимоятҳои изтирорӣ барои коҳиши фишор бар ғайринизомиён дар Ғазза таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.