Имрӯз бархе роҳҳо баста мешаванд
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Дар баданаш пинҳон карда буд. Мусодираи зиёда аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Вазорати саноат барои бошандагони мактаб-интернати Ҳисор зиёфат дод
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ оид ба ҳадафу вазифаҳои лоиҳа, шарту талаботи иштирок дар озмун, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, меъёрҳои интихоби довталабон ва имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон иттилоъ дода шуд.
Ба навиштаи маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи солҳои 2011-2026 аз кишвар 167 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 29 зан, барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, 136 нафар (25 зан), таҳсилро бомуваффақият хатм намуда, айни замон 31 нафар таҳсили худро идома медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?