Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Муовини вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон дастгирии шахсони маъюб қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад”
Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 19-уми Конфронси давлатҳои иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият (CRPD), ки аз 9-ум то 11-уми июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико доир гашт, ки иштирок ва суханронӣ намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда зимни баромади хеш иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони дорои маъюбӣ ва пиронсолон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад, ки ба тақвияти сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.
“Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии давлатиро пайваста амалӣ намуда, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ ва демографӣ, сармоягузорӣ ба инсонро шарти муҳимтарини рушди дарозмуддати кишвар медонад”, - менависад манбаъ аз қавли муовини вазир.
Иттилоъ дода мешавад, ки Ҳабибулло Хайруллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаҳои ниҳоии омодагӣ барои тасдиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ конфронс имконият фароҳам овард, ки уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти фарогирии шахсони дорои маъюбият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкориҳои стратегӣ таҳким ёбанд, самтҳои афзалиятнок муайян карда шаванд ва барои таъмини татбиқи самараноки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба манфиати шахсони дорои маъюбият дар саросари кишвар дастгирии техникӣ ҷалб гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст