Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Боздошти модаре, ки бо кӯдаки яксолааш муносибати бераҳмона кард
Милитсияи пойтахт навори паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он муносибати бераҳмона ва рафтори хушунатомез модаре нисбат ба кӯдаки яксолааш инъикос ёфтааст, таҳқиқ намуд.
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, зани дар навор инъикосёфта шаҳрванд Бурҳонова Мавлуда, соли таваллудаш 2004 мебошад, ки бо кӯдаки як солаи худ чунин муносибати бераҳмонаро раво дидааст.
Манбаъ меафзояд, ки вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино нисбати шаҳрванд Бурҳонова М. маводи зарурӣ тартиб дода шуд. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва татбиқи талаботи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро аз падару модар бидуни маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқҳои падариву модарӣ пешбинӣ менамояд, мавод барои баррасӣ ба суд ирсол карда мешаванд.
"Номбурда собиқаи доғдоркунандаи ҷиноятӣ дошта, қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ҷалб намудан ба фоҳишагӣ, тибқи талаботи моддаҳои 110 ва 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидааст", - омадааст дар иттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки масъалаи таъмини амният, нигоҳубин ва тарбияи минбаъдаи кӯдак таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст