14 Ноябр 2026,
шанбе, 17:15, Душанбе
30.05.2026 17:26

Русия сафири худро аз Арманистон фаро хонд

Русия эълом кард, ки сафири ин кишвар дар Арманистон барои машварат ва дар пайи бархе аз иқдомҳои охири Ереван ба Маскав фаро хонда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ин тасмим дар робита ба ҳаракати Арманистон ба сӯи Иттиҳоди Аврупо гирифта шудааст: раванде, ки ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё осеб мерасонад.

Никол Пашинян пештар эълом карда буд, ки кишвараш хоҳони узвият дар Иттиҳоди Аврупо аст. Парлумони Арманистон низ дар моҳи феврал қонуни оғози раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро тасвиб карда буд.

Владимир Путин таъкид кардааст, ки Арманистон ҳақ дорад шарикони худро интихоб кунад, аммо узвияти ҳамзамон дар ду сохтори мухталиф - Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имконпазир нест.

Ӯ ҳамчунин, аз Ереван хоста буд, ки ҳарчи зудтар қарори ниҳоии худро дар ин бора муайян кунад ва ҳушдор дода буд, ки дар сурати хориҷ шудани Арманистон аз Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, дастрасӣ ба созишномаҳои тиҷорати озодро аз даст хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ки мақомоти Русия дар ҳафтаҳои ахир чанд бор ин мавқеъро такрор кардаанд ва ҳатто масъалаи маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти арманӣ низ матраҳ шудааст.

Бо вуҷуди ин, дар нишасти ахири сарони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфта шуд, ки масъалаи Арманистон ҷараёни нишастро соя наандохт, ҳарчанд дар бораи тамоюли Ереван ба Иттиҳоди Аврупо баҳс сурат гирифт.

Сухангӯи Кремл низ изҳор доштааст, ки бо наздик шудани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо, ин кишвар дер ё зуд дар вазъияте қарор мегирад, ки қоидаҳо ва меъёрҳои ду сохтор бо ҳам дар тазод хоҳанд буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.