Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Милитсияи пойтахт фасодхонаеро ошкор кард
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ як ҳолати ташкили фасодхона ошкор карда шуд.
Ба навиштаи манбаъ, шаҳрванд Амирова Дилрабо, соли таваллудаш 1988, дар кӯчаи Н.Қарабоев манзили истиқоматиеро ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ, истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор шаҳрвандон Ниёзов Фирдавс, Одинаев Сайдалӣ, инчунин, ноболиғон Каримова Хайриниссо ва Аҳмадиева Сабрина низ дастгир карда шуданд.
Зикр мегардад, ки зимни кофтуков аз номбурдагон миқдори хурди воситаҳои нашъадори навъҳои «Метамфетамин» ва «Ҳашиш», ҳамзамон, таҷҳизоти барои истеъмоли воситаҳои нашъадор истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, нисбат ба соҳибмулки манзили истиқоматӣ барои ба нашъамандон вогузор намудани манзил чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст