Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Сафари махфии Нетаняҳу ба Аморот. Ироқчӣ: “Касоне, ки бо Исроил ҳамдастӣ мекунанд, интизори посух бошанд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон дар вокуниш ба гузоришҳо оиди сафари махфии Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, гуфтааст касоне, ки бо Исроил ҳамдастӣ мекунанд, посухгӯ хоҳанд буд.
Вазири корҳои хориҷаи Эрон, рӯзи панҷшанбе, 14-уми май дар паёме дар шабакаи “Х” навишта, ки душманӣ бо “миллати бузурги Эрон” қимори аҳмақона аст.
Ироқчӣ афзудааст: “Нетаняҳу акнун ба таври ошкоро он чиро, ки сервисҳои амниятии Эрон муддатҳо пеш ба раҳбарии мо интиқол карда буданд, ошкор сохтааст”.
Вазири хориҷаи Эрон он чиро, ки ӯ “талош барои тафриқаандозӣ” хондааст, нобахшуданӣ унвон кардааст.
Рӯзи гузашта, шабакаи “Ал-Ҷазира” ба нақл аз манобеъ гузориш дода буд, ки Нетаняҳу як сафари махфӣ ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом дода ва бо роҳбари ин кишвар дидор кардааст.
Бо ин ҳол, хабаргузории расмии Аморот (WAM) гузоришҳои мунташиршуда дар бораи сафари Нетаняҳу ба ин кишварро рад кардааст.
Гуфтанист, ки дар рӯзҳои ахир хабарҳое оиди кумакҳои таслиҳотии Исроил ба Амороти Муттаҳидаи Араб барои дифоъ дар баробари мушакҳо ва паҳподҳои Эрон мунташир шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.